Шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон



    Маориф ва омӯзиши илму фан аз дер боз ба як унсурҳои муҳимми ҳаёти инсон табдил ёфта, дар масири таърих ҳамчун чароғи ақлу хирад боиси равшанӣ ва рушди ҳаёти инсоният гардидааст. Эмомалӣ Раҳмон

Яъне дар замони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистони мо ба пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла рушди соҳаи илму маориф муваффақ гардид.
                  Эмомалӣ Раҳмон



Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

ШУЪБАИ МАОРИФ

      Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон тамоми фаъолияти худро баҳри баланд бардоштани сатҳи сифати таълиму тарбия, ободонӣ ва мустаҳкам намудани заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ, бо мақсади татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи маориф равона намуда истодааст.Дар айни ҳол дар шаҳр ҳамагӣ 12 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 12 адад муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ фаъолият доранд. Дар муассисаҳои таълимии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ ҳамагӣ 284 синф ва 9123/4158 нафар хонандагон таҳсил менамоянд, ки ниcбати ҳамин давраи соли гузашта 323/159 нафар зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Бӯстон ҳамагӣ 1791 нафар кӯдаконро фаро гирифтаанд.Дар муассисаҳои таълимии шаҳр дар чор моҳи аввали соли 2018 ҳамагӣ 518/436 нафар омӯзгорон ва дар муассисаҳои томактабӣ 68 нафар мураббиён фаъолият бурда истодаанд.



Маълумотҳои оморӣ

Маълумоти маскур мутобиқ ба 1.09.2018 буда дар як сол як маротиба иваз карда мешавад

9123
Хонандагон 1-11
518
Омӯзгорон
12
Муассисаҳо
12
Кӯдакистонҳо


Кормандони Шуъбаи маориф

Маориф яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва тақдирсози ҳаёти ҷомеа, ояндаи ҳар як миллат ва кишвар ба шумор меравад, зеро рушду нумўи ҳар як миллат ба маориф робитаи қавӣ дошта, пешрафти ҷомеаро бидуни рушди ҳамаҷонибаи илм ва таълим тасаввур кардан нашояд.

Мудири Шуъбаи маориф
Насриддинзода Ҷамолиддин
Сармуттахассиси Шуъбаи маориф
Абдуғафорова Шоира Абдуғаниевна
Ҳайдарова Саидниссо
Директори Маркази ТИК